Дар асоси мувофиқаи бадастомада рӯзҳои 21 – 26 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода менависад, ки аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд, ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон сурат мегирад.