Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти марде бо гумони қаллобӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, бо баҳонаи бо тиҷорат машғул шудан, аз 22-юми декабри соли 2019 сол то моҳи январи соли 2020, дар умум аз охирин 448 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятии оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.