Дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корхонаи саноатии истеҳсоли бомпӯшҳои азбестии ҶДММ «Юсуфҷон-2020» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Гуфта мешавад, корхонаи мазкур бо иқдоми соҳибкор Баракат Одинаев дар масоҳати умумии 0,31 гектар бунёд ёфта, аз як коргоҳ ва ду хати истеҳсолӣ иборат мебошад.
Хабаргузории “Ховар” аз қавли раҳбари корхона Нуралӣ Халифаев навиштааст, ки таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли давлати Чин буда, иқтидори истеҳсолиаш 300 ҳазор дона бомпӯши азбестӣ дар як сол мебошад. Дар корхона, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ бунёд ёфтааст, дар ду баст 25 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 1500 то 2500 сомонӣ таъмин мегарданд. Ҳамчунин дар ошхонаи корхона ба коргарон хӯроки гарм дода мешавад.
Корхона асосан бо ашёи хоми ватанӣ фаъолият карда, маҳсулоти он метавонад дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷи мамлакат бо сифату рақобатпазирӣ харидорони худро пайдо карда, шуҳрати корхонаро афзун намояд.
Мувофиқи нақшаи мақомоти шаҳри Ҳисор давоми ҳафтаи сипаришуда дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ҳисор 17 иншооти ҷашнӣ, аз қабили марказҳои савдою хизматрасонӣ, муассисаҳои тандурустӣ, сардхона, роҳу пулҳо, чоҳҳои амудӣ, ошхонаи замонавӣ ва корхонаҳои саноатию бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.