Дар Озарбойҷон дар Маркази Ҳайдар Алиев намоиши мусавввараҳои рассомони ҷавони озарбойҷонӣ таҳти унвони “Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Озарбойҷон аз насл ба насл” баргузор гардид.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад, намоиши мазкур ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯи даст гирфита шуд.
Гуфта мешавад, дар намоишгоҳ беш аз 70 мусаввара ба намоиш гузошта шуд, ки зебоии нотакрори табиат ва манзараҳои таърихии Тоҷикистонро бозтоб медиҳанд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ роҳбарон ва намояндагони сафоратҳои муқими шаҳри Боку, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон намоиши мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, ба кулли ширкаткунандагон изҳори сипос кард.
Бояд гуфт, ки намоишгоҳи мусаввараҳои рассомони ҷавон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рассомони Озарбойҷон сурат гирифт.