Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон намояндаи махсуси Президенти Эрон дар умури Афғонистон Ҳасан Козимии Қумиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.
Дар вохӯрӣ вазъ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки 30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар доираи сафари расмӣ дар робита ба вазъи ҷории Афғонистони ҳамсоя изҳори назар карда буданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз ҳама гуна талошҳои сиёсиву дипломатӣ ва кумакҳои башарӣ, ки ба таъмини амният ва пешгирӣ аз фоҷеаи инсонӣ дар ин кишвари ҳамсоя равона шудаанд, зикр карданд.