Тоҷикистонро дар мусобиқаи “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”, ки аз 24 июн то 26 июн дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор мегардад, се ҷудокор – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни -73кг) ва Амирҷони Насимҷон дар вазни (-90кг) намояндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг дар даври аввал озод буда, рақобатро дар даври дуюм бо ҷуфти Шаҳром Аҳатов (Ӯзбекистон) ва Бенс Борос (Маҷористон) идома медиҳад.
Ҷудокори дигари кишвар дар ин вазн Беҳрӯз Хоҷазода пас аз ду соли дур будан аз тамринҳо дигарбора ба майдон баргашт ва дар даври аввали вазни -73кг, бо варзишгари мизбон Уранбайар Одгерел қувваозмоӣ мекунад.
Дар вазни -90кг бошад кишвари моро Амирҷони Насимҷон намояндагӣ мекунад. Амирҷон дар даври аввал бо паҳлавони мизбон Мунхбайар Баттогтох рақобат мекунад.
Рақобатҳо аз 24-уми июн оғоз гардида, то рӯзи 26-ум идома меёбад. Ҷудокорони мо – Сомон ва Беҳрӯз рӯзи дуюм (25-июн) ва Амирҷони Насимҷон рӯзи сеюм (26-июн) ба рақобат мепардозанд.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар мусобиқаи “Ulaanbaatar Grand Slam 2022” иштироки 270 варзишгар (161 мард, 109 зан) аз 30 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Ин чорабинӣ аввалин мусобиқаи системаи интихобии Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад.
Сорбон Амонуллозода
радиои “Тоҷикистон”