Рустами Эмомалӣ ва Тзсӣ ШуМин густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзсӣ ШуМин вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти шаҳри Душанбе ва Чинро баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Рустами Эмомалӣ Тзсӣ ШуМинро бо оғози фаъолияти намояндагӣ дар Тоҷикистон шодбош гуфта, бо итминон иброз доштаааст, бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии ду кишвари ҳамсоя дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Раиси шаҳри Душанбе ба сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои мусоидат дар расонидани кумаки моддии Ҳукумати Чин дар шакли ваксинаҳои зидди короновирус дар давраи паҳншавии ин бемории сироятӣ ва техникаҳои коммуналии замонавӣ изҳори сипос кардааст.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода таъкид намудаанд, ки Чин ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд.

Зикр мегардад, ки иштирокчиёни мулоқот ҳавасмандии хешро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкориҳо миёни мақомоти шаҳри Душанбе ва Чин дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, гуманитарӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таъкид намудаанд.

Дар ҷараёни музокирот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ гардидааст.