Маҳфили эҷодии Кароматуллоҳи Мирзо баргузор гардид

Дар шаҳри Ҳисор маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо бо иштироки адибону нависандагон, фаъолону аҳли зиё ва алоқамандони шеъру сухан баргузор гардид.

Зимни суханронӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар изҳор намуд, ки бузургмардони майдони суханварӣ барои рушду такомули шахсӣ ва ғанӣ гардонидани маънавиёти мардум пайваста тариқи адабиёт иқдом менамоянд ва бо ба даст омадани истиқлол низ адабиёт ҳамчун афзояндаи маърифати наслҳо рисолати худро назди давлату миллат содиқона адо мекунад.

Абдулҳамид Самадов аз хидматҳои шоистаи Кароматуллоҳи Мирзо ёдоварӣ намуда, хотироти неки худро аз гузаштаи пурифтихор бо адиб варақгардон намуд.

Дар идомаи маҳфил муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Ҷамолиддин Мансуров, нависанда ва драматург Ато Ҳамдам, адибону рӯзноманигорон аз шаҳри Ҳисор Муҳаммадалӣ Саидӣ, Фатҳуллоҳи Азиз ва дигарон суханронӣ намуданд.

Ҳофизони халқии Тоҷикистон Шамсидин Муҳиддин, Комилҷони Ғанӣ ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо шеъру таронаҳои ҷолиб ба маҳфил ҳусни тоза бахшиданд.

Кароматуллоҳи Мирзо яке аз чеҳраҳои маъруфи адабии кишвар буда, намунаҳои эҷодаш воқеаҳои ҳассоси зиндагӣ ва таҳаввулоти иҷтимоии ҷомеаро фарогир мебошад. Эҷодиёти ӯ ба як қатор забонҳои мардуми ҷаҳон баргардону чоп шудааст.

Дар синамо аз рӯи чандин асарҳои мондагори нависанда филмҳои ҳунарии ҷаззоб, ки зиндагиро холисонаю воқеъбинона инъикос намудааст, рӯи навор омадааст ва онҳо ҳамчун тарғибгари ахлоқи хамида, таҳкимбахши ҳисси худшиносиву фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстию инсондӯстӣ ва дигар хислатҳои накӯи инсонӣ дар байни мардум, бахусус насли наврас писанд ва эътироф шудаанд.

Бояд гуфт, ки маҳфили эҷодии Кароматуллоҳи Мирзо бо ибтикори мақомоти шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.