Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо туфайли ҳунарнамоии бомуваффақона дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар раддабандии нави ФИФА шаш зина боло рафт.
Мунтахаби кишвар бо касби 1179 имтиёз аз ҷойи 114-ум ба зинаи 108-ум баромад, ки аз нашри қаблӣ 19,68 хол фарқ мекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар моҳи июн 4-бозӣ баргузор намуд. Дар рақобати дӯстона аз тими миллии Сурия дар Дубай шикаст хӯрд (0:1) ва дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ду пирӯзӣ бар тимҳои миллии Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ба даст овард. Инчунин дар ин мусобиқа бо дастаи Қирғизистон мусовӣ (0:0) кард.
Тими милли Тоҷикистон миёни дастаҳои Осиё дар мавқеи 20-ум қарор дорад.