Дар шаҳри Венаи Австрия намоишгоҳи молҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин маърака дар доираи лоиҳаи “CANDY V – Ҳамгироии минтақавӣ ва зарфиятсозӣ ба мақсади тақвияти рақобатнокии корхонаҳои хурду миёна дар тиҷорати бахши кишоварзӣ ва тарвиҷи тиҷорат дар Осиёи Марказӣ”-и ташкилоти ғайриҳукуматии австриягии “Hilfswerk International” сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ҳайати расмии кишвар бо шумули намояндагони бахши хусусии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваи хушк, чормағз ва асал дар намоишгоҳи мазкур ширкат варзида, бо шарикони эҳтимолии австриягӣ мулоқот намуданд.