Мақомоти Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вобаста ба ҳодисаи заминларза дар Афғонистон бо нашри баёнияе изҳори ҳамдардӣ намудааст.

Вазорат бо намояндагӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон навиштааст, ки “ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст, моро сахт андӯҳгин кард”.

“Тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем”-омадааст дар баёнияи вазорати корҳои хориҷӣ.

Ёдовар мешавем, ки заминларза дар баъзе вилоятҳои Афғонистон шаби 21 ба 22 июн соати 01:30 дар рух дод.  Дар натиҷаи ин офати табиӣ беш аз 1500 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Бино ба иттилои Хадамоти геологии ИМА, заминларза дар умқи тақрибан 51 километр дар 44-километрии ҷанубу ғарби Ҳуст бо қуваи 5,9 бал рух додааст.

Тибқи иттилои Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ, дар 10 соли охир беш аз 7000 нафар бар асари заминларзаҳо дар Афғонистон ба ҳалокат расиданд.