Гуштингири тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар Чемпионати Осиё оид ба намуди гуштини тарзи озод миёни наврасони то 17-сола, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, дар вазни то 80 кг сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” дар истинод ба телевизиони “Варзиш” хабар додааст.
Қобили зикр аст, ки паҳлавонони дигари кишвар Ҳусейн Ҳасанов дар рӯзи аввали рақобат дар вазни то 60 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон то 17- сола дар равияи юнонӣ-римӣ Суннат Абдуллоев дар вазни то 65 кг ҷои дуюмро соҳиб шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон ва 6 нафар миёни ҷавонон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафарбар гардидаанд.