Гуштингири маъруфи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дигарбора ба майдони набард баргашт. Беҳрӯз, ки дар арсаи байналмилалӣ борҳо Тоҷикистонро муарифӣ карда буд, пас аз ду соли муолиҷа ба тамринҳо баргашт.
Гуфта мешавад, мақсади асосии Беҳрӯз Хоҷазода иштирок намудан дар чемпионати ҷаҳон мебошад. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунҳои нави Федератсияи байналмилалии ҷудо шахсоне метавонанд дар мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок намоянд, ки холҳои муайянро соҳиб шуда бошанд.
Беҳрӯз ба хотири роҳ ёфтан ба чемпионати ҷаҳон, рӯзҳои 24-26 июн дар мусобиқаи “UlaanBaаtar Grand Slam-2022” иштирок мекунад.
Ба гуфтаи Беҳрӯз, таваҷҷуҳи ӯ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ аст ва Федератсияи ҷудои кишвар номи ӯро дар нақшаҳои таҳиякардааш шомил намудааст. Ба ин хотир, Хоҷазода барои муваффақ шуданаш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тамринҳоро ҷиддӣ гирифтааст.
Cорбон Амонуллозода
радиои “Тоҷикистон”