Дар соли нави хониши – 2022-2023 дар шаҳри Душанбе 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар ин бора хабаргузории “Ховар” аз қавли Раёсати маорифи Душанбе хабар дода афзуд, ки дар макотиби ҷадид беш аз 9 ҳазор ҷой нишаст дар як баст фароҳам хоҳанд шуд.
Таъкид шудааст, ки бо дастури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бунёди макотиби нав бо ҷалби соҳибкорон чораҳо андешида шуда истодаанд. Мақомоти маорифи пойтахт мегӯянд, тамоми макотиби ҷадид бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон яке аз мушкилотро дар ин соҳа норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ кардаанд.
Зикр шуда буд, ки ин далели афзоиши босуръати аҳолӣ шиддат ёфтааст. Аз ҷумла далел оварда мешавад, ки агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд.
Ҳамчунин масъулини бахши маорифи Тоҷикистон мегӯянд, инчунин муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, феълан дар ҳолати садамавиянд. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ маҳаллаҳои зиёди навбунёде ташкил шудаанд, ки ниёз ба сохтмони мактаб доранд.
Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Тоҷикистон бо имконоти буҷа ва ҷалби шарикони рушду бахши хусусӣ талош дорад макотибро бунёд кунад.