Аз 24 то 26 июни соли равон дар маҷмааи варзишии “Манеж”-и пойтахт Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии “Тоҷикистон-2022” баргузор мешавад.
Намоишгоҳ-ярмарка аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати кишвар ташкил хоҳад шуд.
Дар намоишгоҳ-ярмарка беш аз 60 ширкати машғули фаъолият дар соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон ва сайёҳӣ муаррифӣ мешаванд.
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст, ки нафароне, ки аз ин Намоишгоҳ дидан мекунанд имкон доранд молу маҳсулоти хушсифат бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Аз ҷумла манбаъ хабар додааст, ки сокинону меҳмонон имкон доранд маҳсулоти ғизоӣ, маҳсулоти саноати сабук, маҳсулоти кимёии рӯзгор, лавозимоти ороишӣ ва ғайра харидорӣ намоянд.
Маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии “Тоҷикистон-2021” рӯзи 24 июни соли равон доир мегардад.
Ёдрас мешавем, ки Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии “Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ” соли гузашта 13-15 октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд ва дар он маҳсулоти ширкатҳое чун “Саноатсодиротбонк”, “Спитаменсуғурта”, “Тоҷфилиз”, “Строй-центр”, “Файзи Расул”, “Амирӣ”, “Комбинати орди Душанбе”, “Сиёма”, “Исфарафуд”, “САТН”, “Ҷавонӣ” ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.