Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Тим Ҷонс масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Аҳмадзода таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ва Британияи Кабир муносибатҳои хуби дӯстона дошта, бо сиёсати роҳбарони олии ду кишвар ҳамкориҳо дар самтҳои гуногну густариш ёфта истодааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ба таҳсили донишҷӯён дар макотиби олӣ, зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот, коркарди захираҳои табиӣ, коркарди пахтаву маҳсулоти кишоварзӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд буда, тавассути ҷалби сармоя ва доираҳои тиҷоратии Британияи Кабир метавон корхонаҳои навро ташкил намуд. Мулоқоти тарафҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ба анҷом расид.