Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мурод Саидзода бо ректори Донишгоҳи тиҷоратии Истанбул Юҷел Оғурлу дидору гуфтушунид намуданд. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи илму маориф, шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, тақвияти равобит байни мактабҳои олии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба имкони зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳи мазкур табодули афкор намуданд.