Ду синамогари олмонӣ — Ҳаралдфон Виковскӣ ва Маттиас Майер барои наворбардории филм ба Тоҷикистон омаданд.
Ба гузориши Кумитаи рушди сайёҳӣ, сафари филмсозони олмонӣ ба кишвар бо даъвати ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Олмон сурат гирифта, он 15 рӯз – аз 10 то 25 июн идома меёбад.
“Зимни сафар ҳайати эҷодӣ аз имкониятҳои сайёҳии шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе дидан намуда, бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ аз наздик шинос мегарданд”, – афзудааст кумита.
Гуфта мешавад, ҳайати эҷодӣ ду филми кӯтоҳи 20 дақиқагӣ омода намуда, Тоҷикистонро ба мардуми Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо ҳамчун сарзамини сайёҳӣ ва дорои зарфиятҳои кофӣ барои сармоягузорӣ муаррифӣ менамоянд.