Театри тоҷик дар фестивали байналмилалӣ иштирок мекунад

Дар Саранк ва Тамбови Федератсияи Русия аз 17 то 23 июн Фестивали IV байналмилалии театрҳои хориҷии Русия баргузор мегардад.

Дар ин фестивал ҳунармандони театрҳои Русия, Арманистонӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок мекунанд.

Ҳунармандони Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский дар фестивлаи мазкур ду намоиш: «Ханума»-и А. Сагарели ва «Шаб дар театр»-и А.П. Чеховро  ба  намоиш  мегузоранд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки Фестивали IV байналмилалии театрҳои хориҷии Русия аз ҷониби Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия ва Бунёди «Стремление» созмон ёфтааст. Фестивал соле як маротиба барпо гардида, бори нахуст соли 2019 дар Маскав ва соли 2021 дар Ярославл баргузор шуда буд.