Шаби 19 ба 20 июн дар Душанбе, забоншинос ва донишманди шинохта, профессор Ҳомид Маҷидов аз олам даргузашт.
Бино ба иттилои расонаҳо, даргузашти профессор Маҷидовро декани факултаи филологияи тоҷики ДМТ Сироҷиддини Эмомалӣ таъйид намуд.
“Муаллим то дирӯз, бо вуҷуди пиронсолӣ бардаму солим буданд. Шаби 19 ба 20 июн ҷон ба ҳақ супориданд”, – гуфтааст Cироҷиддини Эмомалӣ.
Манбаъ меафзояд, ҳанӯз рӯзи 16 июн дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 85 -умин солгарди умри устод ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуда буд.
Гуфта мешавад, ки маросими ёдбуди профессор Ҳомид Маҷидов дар назди манзили ӯ, маҳаллаи 33 ва ҷанозаи марҳум дар масҷиди ин маҳалла баъд аз намози пешин баргузор мешавад.