Ходими илмии Институти омӯзиши кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Камолидин Камолов гуфтааст, ки дар назар аст, ки ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Узбекистон аз 1 млрд доллар хоҳад гузашт. Дар ин бора Камолиддин Камолов, дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” ибрози ақида намудааст.
“Ховар” аз қавли Камолов навиштааст, ки гардиши молу маҳсулот байни ду давлати ҳамсоя — Тоҷикистону Узбекистон аз $500 млн гузашта, баъди ташрифи расмии Сарвари давлати тоҷикон ба Узбекистон он бояд аз марзи $1 миллиард убур кунад, ки ин нишондиҳанда далели беҳтарин намунаи ҳамкории тарафайн дар миқёси фазои давлатҳои пасошӯравӣ мебошад.
Камолиддин Камолов, ходими илмии Институти омӯзиши кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар идома гуфтааст: «Таҷрибаи рушди муштарак дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ исбот менамояд, ки он замон иқтисодиёт ва робитаҳои нақлиётии ин ду кишвар умумӣ буданд, — мегӯяд Камолидин Камолов ва таъкид менамояд, ки дар ин ҷо Ҳалқаи ягонаи энергетикӣ ва истифодаи якҷояи захираҳои обию энергетикӣ ва ғайраро зикр намудан басанда аст. Дар шароити истиқлоли давлатӣ дар ҳар ду мамлакат зарурати ногузир оид ба эҳъёи таҷрибаи мусбию муфиди ҳамкорӣ дар аксар соҳаҳо, аз равобити иқтисодию тиҷоратӣ сар карда то фарҳангию гуманитарӣ эҳсос карда мешавад»
Тибқи таҳлили коршинос, дар замони муосир вазъи муносибатҳои тарафайн муфиди Тоҷикистон ва Узбекистонро чунин ҳуҷҷатҳои асосию тақдирсоз муайян менамоянд: дар оғози соли 2000 миёни кишварҳо Шартнома оид ба дӯстии абадӣ ва дар моҳи августи соли 2019 санад дар бораи Шарикии стратегӣ ба имзо расонида шуданд. Омили «шарикии стратегӣ» имрӯз характеру хусусияти муносибатҳои байнидавлатиро муайян месозад. Анҷом ёфтани ҷараёни аломатгузорӣ ва аниқ кардани марзи давлатӣ байни Тоҷикистону Узбекистон дар ҳолати проблемаҳои ҳам монанди ду кишвар бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун модели бомуваффақияти ҳалли масоили сарҳадӣ мебошад. Чунин таҷриба дар водии Фарғона сурат гирифт, ки аломати фарқкунандаи он аз унсурҳои зерин иборат аст:
1) мавҷудияти иродаи сиёсӣ ҳангоми ҳалли масоили сарҳадӣ;
2) омодагии ҷонибҳо ба гузаштҳои тарафайн;
3) риояи ҳамаи санадҳои қаблан ба имзо расида.
Мавсуф тазаккур дод, ки дар бисёр ҷиҳатҳо нақши муайянкунанда ва асосиро ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика бозида, ба ҳама маълум аст, ки ин масъала муҳлати тӯлонӣ тамоми муносибатҳои байни ду кишварро халалдор месохт ва аз соли 2017 ҷонибҳо ин омили «таҳдидоварро» ба имконияти рушди устувори тарафайн табдил доданд.