Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 19 июн мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи куштӣ миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ оғоз гардид.
Варзишгари тоҷик Ҳусейн Ҳасанов дар ин мусобиқа ширкат варзида, дар рӯзи аввали рақобатҳо дар вазни -60кг медали биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Ҳасанов мусобиқаро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Абулфазл Миршакар шикаст хӯрд. Ба далели роҳ ёфтани варзишгари эронӣ ба даври финал Ҳусейн имкони идома додани сабқатро пайдо намуд. Ӯ дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйук Сеомун ва дар қувваозмоӣ барои мақоми сеюм бар намояндаи Туркманистон Шатлик Юнусов пирӯз шуд.
Қобили зикр аст, ки дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарони дигари кишвар Нодир Турсунзода (55кг), Ансор Раҳматзода (92кг), Акрами Ҷаҳонгир (110кг) қувваозмоӣ намуда, дар даврҳои муқаддамотӣ ноком гардиданд.
Бояд гуфт, ки бори аввал аст, ки мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи куштӣ дар ду категорияи синни то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо ҳамзамон баргузор мегардад.
Дастаи яккачини Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон барои ширкат дар ин сабқат равонаи Бишкек гардиданд.
Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола 19-22 июн ва миёни ҷавонони то 23-сола 23-26 июн баргузор мешавад.