Аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар ҳудуди маҳаллаи Тирчид (ба истилоҳ УПД-и шаҳри Хоруғ) боз як далели қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон, ки ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятии ин маҳалла мансуб буд, ошкор ва пешгирӣ карда шуд. Дар ин бора имрӯз, 16 июн ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар доданд.
Тавре дар хабар омадааст, 15 июни соли 2022 дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва нишондоди айбдоршаванда Гулобов Ниёзшо Аслишоевич, соли таваллудаш 1982, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи «Бизмич»-и шаҳри Хоруғ миқдори махсусан калони маводи нашъадори нави «афюн», ки ба Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович тааллуқ дошт, мусодира гардид. Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, собиқ саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ, 12 июни соли равон зимни амалиёти махсус бинобар нишон додани муқовимати шадиди мусаллаҳона безарар гардонида шуд.
«Ташхиси судӣ-кимиёвии маводи мусодирашуда нишон дод, ки он маводи мухаддири навъи «афюни афғонӣ» буда, аз 200 баста дар дохили 8 халтаи полиэтиленӣ ҷобаҷо шудааст. Вазни холисаш 200 килограммро ташкил медиҳад», — гуфта мешавад дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, маводи номбурда аз ҷониби саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Хурсанд Мазоров аз Афғонистон тариқи минтақаи наздисарҳадии маҳаллаи Наводак ба хоки Тоҷикистон ворид карда шуда, дар пинҳонгоҳи махсус бо мақсади фурӯш ва интиқол нигоҳ дошта мешуд. Ин миқдори калони маводи мухаддир ҳамчун манбаи маблағгузории бетартибиҳои тарҳрезишуда дар шаҳри Хоруғ, ноҳияи Рӯшон ва барои хариди аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ ҷиҳати мусаллаҳшавии оммавии иштирокчиёни нооромиҳо таъйин гардида буд.
«Ҳисобҳои пешакии математикӣ нишон медиҳанд, ки 200 кг афюн — 200 ҳазор воя (доза)-ро ташкил дода, метавонист дар сурати паҳн шудан ба саломатии тахминан 100 ҳазор одам осеби ҷиддии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ расонад», — тазаккур доданд дар маркази матбуоти Ситод.
Лозим ба ёдоварист, ки бо ин мақсад 10 рӯз муқаддам аз амалиёти махсус нисбат ба саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ — Хурсанд Мазоров маводи мухаддири мазкурро аз пинҳонгоҳ гирифта, ба Гулобов Ниёзшо Аслишоевич додааст.
Бояд зикр намуд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон ба пешрафти давлат, ҷомеа, соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар, мафкураву маънавиёти насли ҷавони миллати тоҷик осеби ҷиддӣ расонида, пайомади нигаронкунанда дорад. Рафтори чунин ашхос обрӯи мардуми Бадахшонро коста гардонида, метавонад ҷомеаро дар маҷмуъ носолим созад.
Аз ин лиҳоз, масъалаи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар воқеъ мубориза барои наҷоти ҳувият, ҳифзи асолати давлатдорӣ ва ояндаи ҳар як миллат мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки қочоқи маводи мухаддир, яке аз хатару таҳдидҳои муосир барои инсоният маҳсуб ёфта, вабои аср номгузорӣ шудааст, зеро ҳамарӯза ҷони ҳазорҳо нафарро дар гӯшаву канори дунё мегирад, барои дурнамо ва рушди бемайлони давлатдорӣ мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд. Қочоқи маводи нашъадор ҷузъи фаъолияти зиддидавлатии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва яке аз манбаъҳои сердаромади ин доираҳои нашъаҷаллоби фаромиллӣ дар муддати сӣ сол таъйин гашта буд.
Ба муқобили амалиёти зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ алайҳи дастаҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки муддати сӣ сол вазъи шаҳру ноҳияро мардумро ба гарав гирифта, вазъиятро ноором мекарданд, ба тарҳрезӣ ва татбиқи амалиёти муназзами террористӣ, қатлу куштор, ва бетартибиҳои оммавӣ даст мезаданд, имрӯзҳо баъзе аз ашхоси кӯтаҳназари ҷонибдори ҷинояткорҳо аз дуру наздик ниҳоят бешармона дурӯғбофӣ мекунанд, ба сохторҳои қудратӣ, ки рисолати таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда доранд, туҳмату буҳтонҳои беасос мезананд.
Акнун ба ҳамин далелҳои дастаҷамъонаи раднопазири муомилаи қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ба ҳамин рафторҳои ғайриинсонӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Хоруғ содир ва дар ин гузориш ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд, ин доираҳои ватанфурӯши аслбохта чӣ мегуфта бошанд?
Аҳолӣ бояд бидонад, ки ана ҳамин ҳалқаҳои ҷиноятпеша худро ҳомии ашаддии дину мазҳаб ва ба ном манфиати халқ мегирифтанд, сокинони содалавҳро ба доми фиреби худ афтонида, ҳамчун абзори амалисозии ғаразҳои шахсии худ истифода мекарданд. Маҳз Боқиру Толиб, Хурсанду Мунаввар, Ниёзшову Зоир, Имомназару Матлаб, Амриддин ва дигар саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор дину мазҳабро сипар намуда, дар сояи он сармояи калони моливу пулиро, ки аз тариқи содир кардани садҳо ҷиноят ва бедарди миён ба даст омада буданд, пинҳон мекарданд.
АКС аз бойгонӣ