Иддае аз сокинони пойтахт мегўянд, рӯзҳои охир ҳолатҳои бо мошинҳои эвакуатор бурдани воситаҳои нақлиёташон аз кӯчаву роҳҳои пойтахт бештар шудааст. Онҳо мегӯянд, баъзан дар ҳоле худравҳояшон мебаранд, ки дар ҷойи қонунӣ гузошта шудааст.
Аброр яке аз ҳамсуҳбатонам, ки ба гуфтаи худаш чандин маротиба ба ин ҳолат дучор шудааст, мегӯяд чанд маротиба мошинашро дар қисматҳои манъ нагардидаи роҳ гузошт, баъд аз баргаштан дид, ки воситаи нақлиёташ дар ҷойи гузоштааст нест ва баъдан онро аз майдончаи ҷаримавии БДА пайдо кард.
Аслан, ба гуфтаи коршиносон, ҳамон вақте бо нақлиёти эвакуатор мошинҳоро аз роҳҳову хиёбонҳо мебаранд, ки дар ҷойҳои манъгардида гузошта мешавад.
Умедҷон, шикояткунандаи дигари радиои “Тоҷикистон” гуфт: «Дар аксар мавридҳо ҳангоми ба эвакуатор бурдани мошин беаҳамиятӣ мекунанд ва автомобилҳо осеб мебинанд». Умед афзуд, баъзе аз дӯстонаш ба ӯ гуфтаанд, ҳолатҳое мешавад, ки нақлиёташонро ҷое мегузоранду рақамҳои телефонашонро низ назди оинаи пеши мошин менависанд, аммо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ бе огоҳкунӣ ва тамос гирифтан мошинҳоро мебаранд. Вақте бе огоҳӣ ин кор анҷом мешавад, одам шубҳа мекунад, ки мошинашро чаро мисли дуздҳо бурдаанд.
Дар аксар кишварҳо вақте рақамҳои телефонии ронанда агар маълум бошад, аввал ӯро огаҳ мекунанд. Дар мо низ мешавад, ин таҷрибаро амалӣ кунанд, зеро вақте ба майдончаи ҷаримавӣ бурда мешавад, ронанда ҳам саргардон мешавад ва ҳам бояд маблағи хароҷоти мошини эвакуатор ва ҳам ҷаримаҳои муайяншударо мепардозад, ки ин боиси нигаронии ронандагон хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол Ҳасанзода Амирхон, сардори зершуъбаи амали-маъмурии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба ин нигарониҳо ба радиои “Тоҷикистон” гуфт, ба хотири пешгирӣ аз танбашавии роҳҳо ва дар ҷойҳои ғайриқонунӣ гузоштани мошинҳо сурат мегирад: «Ин ҳама баҳри аз байн бурдани ҳама он монеаҳои ҷиддие, ки ронандагон дар роҳҳо ба вуҷуд меояд равона шудааст ва дар ҳақиқат дар ҷойҳое, ки аломатҳое, ки эвакуатор фаъолият мебарад, назорат мекунад. Мебинем, ки баъзе ронандагон дидаву дониста ҳатто дар зери аломатҳои роҳ мегузоранд. Ҳолатҳое ҳаст, ки дар гардишҳои хатарнок, қаторҳои дуюм мегузоранд, ки ин ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеаҳои ҷиддӣ мегузорад. Ба ин хотир кормандони БДА ба воситаи мошинҳои эвакуаторӣ фаолият мебаранд ва ронанда ҷаримаҳои муайяншударо (135 сомонӣ) мепардозад, инчунин ҷаримаи ҳолати вайрон кардани қоидаро».
Подполковник Ҳасанзода Амирхон вобаста ба суоле, ки чаро вақте рақамҳои телефони ронанда гузошта шудааст, ба он занг намезананду огоҳ накарда автомашинаҳоро мебаранд, гуфт: «Хуб мешуд, ронанда нақлиёти худро дар ҷойи дуруст мегузошт ва аз пайи кораш мерафт. Вақте қоидаро дағалона вайрон мекунанд, чаро нозири роҳ ба ронанда тамос гирад? Вазифаи ӯ чора андешидан аст». Вале гуфт, вақте ронанда исбот кунад, ки корманди БДА воситаи нақлиёти ӯро ғайриқонунӣ бурдааст, ӯ ҷарима пардохт намекунад.
Вале иддае аз ронандагон мегӯянд, бурдани воситаи нақлиёт ба майдончаи ҷаримавӣ яке аз василаҳои маблағситонӣ низ буда метавонад, зеро вақте мошин ба майдончаи ҷаримавӣ бурда мешавад, ронанда барои гирифтани мошинаш ҳатман бояд ҷаримаи қоидавайронкунӣ, хароҷоти ба онҷо овардан ва маблағи майдончаро бояд пардохт кунад.
Дар ҳамин ҳол Файзализода Дӯстмурод, таҳлилгари масоили роҳу нақлиёт дар радиои “Тоҷикистон” гуфт, тибқи таҳлилҳо бурдани автомошинҳо ба майдончаҳои ҷаримавӣ роҳи ҳалли мушкил намешавад. Ӯ мегӯяд, ягона мушкил ба таври зарурӣ набудани таваққуфгоҳҳои воситаҳои нақлиёт мебошад: «Масалан роҳи мошингарди аз маҳаллаи 46 то бозори “Саховат”, танҳо дар дохили бозори “Панҷшер” ва қисман дар бозори “Саховат” таваққуфгоҳ ҳаст, вале ин таваққуфгоҳҳо талаботро иҷро намекунад, зеро ин таваққуфгоҳҳоро мошинҳои соҳибкорони бозорҳо пур мекунанд. Яъне дар роҳҳои шаҳри Душанбе таваққуфгоҳҳо намерасад, бояд ин масъаларо ҷиддӣ гиранд».
Иддае аз коршиносони дигар мегӯянд, бо зиёд шудани аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ, махсусан пойтахт хоҳ нохоҳ танбашавии роҳҳо афзоиш меёбад ва мақомотро зарур аст, ки дар баробари сохтани таваққуфгоҳҳо ба васеъ кардани роҳҳо, низ таваҷҷӯҳ кунанд.
Саидэҳсони Ҷалолиён
радиои “Тоҷикистон”