Рӯзҳои 17 ва 18 июни соли равон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» баргузор мегардад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти
раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ҳадаф аз баргузории ярмаркаи мазкур афзоиши нерӯи содиротӣ, ҷалби сармоя, густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва воридсозии технологияи нав гуфта мешавад.
Зикр мегардад, ки дар доираи ин чорабинии сатҳи минтақавӣ ҳамзамон гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки дар ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонанд.
Қобили зикр аст, ки Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори мақомоти вилояти Суғд роҳандозӣ мегардад.