Баррасии нақши ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор

Дар КМТ бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва дастгирии Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ дар амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор дар робита ба ҳуқуқу озодиҳои инсон” баргузор гардида истодааст.

Дар ин бора ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз рафти ин конфронс иттилоъ медиҳад. Конференсияи мазкур бо мақсади иҷрои самараноки “Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025” ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар доираи амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 25 сентябри соли 2015 қабул гардидааст, гузаронида мешавад.

Дар кори конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеат шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ширкат доранд. Дар назар аст, ки дар конфронс масъулини вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳвандӣ вобаста ба самтҳои фаъолият дар доираи 17 ҳадафи муайяннамудаи СММ маърӯза менамоянд. Конфронс имрӯз то соати 16:00 идома меёбад.