Имрӯз, 14-уми июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 доир мегардад.
Барои ҷойи аввали гурӯҳи «F» дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд.
Қарор аст, дидори дастаҳо соати 20:00 ба вақти Душанбе дар Варзишгоҳи Долон Омурзоқови Бишкек сурат гирад.
Алоқамандони футбол имкон доранд бозии дастаи миллиро тавассути шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» бубинанд.
Қобили зикр аст, ки дар пайи ду бозии қаблӣ ҳарду мунтахаб шашхолӣ доранд. Бурд ва ё мусовӣ дар бозӣ бо Қирғизистон Тоҷикистонро ба Ҷоми Осиё-2023 мебарад.
Яккачини Тоҷикистон дар ду бозии гузаштааст Бар Мянмар бо ҳисоби 4:0 ва бар Сингапур 1:0 пирӯз шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахабҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Сингапур ва Мянмар, ки дар гурӯҳи “F” ҳастанд, барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа миёни ҳам мубориза мебаранд.