Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар Вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ-Чин», ки 8 июн дар шаҳри Нур-Султон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар нишасти мазкур ҷонибҳо роҳҳои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳоеро, ки 25 январи соли равон дар Саммити маҷозии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ-Чин бахшида ба 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ пешниҳод шуданд, баррасӣ намуданд.
Дар натиҷаи ҷаласа Изҳороти муштараки Вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ—Чин», «Харитаи роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2022-2025» ва ташаббусҳо роҷеъ ба амнияти махзанҳои иттилоотӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамгироӣ қабул гардид.