Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия дар ҷараёни мулоқоти маҷозӣ масъалаи таҳкими ҳамкориро дар бахши сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ширкатҳои сайёҳии ду кишвар тариқи рӯнамо маърӯза намуда, имкониятҳои васеи сайру саёҳат ва зарфиятҳои нодири Тоҷикистон ва Русияро муаррифӣ намуданд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Русия бо назардошти имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар хостори тақвияти робитаҳо гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия дар радифи кишварҳои даҳгона аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон қарор дорад.
Гуфта мешавад, ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳри Москва, аз ҷумла дар «Интурмаркет» ва «МИТТ» иштирок намуда, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро ба бозори сайёҳии Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод менамояд.