Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 рӯзи иловагӣ муҳлат барои сабти довталабони иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар додааст.
Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ аз 10 то 30‑юми июнро дар бар мегирад, хабар дод Маркази миллии тестӣ.
Манбаъ афзуд, бар хилофи нақшаҳои қаблӣ, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон бояд танҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида мешуд, дар шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда низ ин кор роҳандозӣ мегардад.
“Хоҳишмандони иштирок дар ИМД-2022 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт муроҷиат кунанд”, – омадааст дар иттилоия.
Инчунин таъкид шудааст, довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ – аз 1 март то 30 апрел худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, ин имконро дар марҳилаи иловагӣ доранд.
Ба иттилои ММТ, довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ номнавис мешаванд ва ё аз нав ба қайд гирифта мешаванд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ рӯзи 12 июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд.
Қаблан, Маркази миллии тестии Тоҷикистон бо муроҷиатномаи махсус аз кулли довталабон дархост карда буд, ки ба қаллобон ҳангоми имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳо бовар накунанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки шаффофияту адолатро муҳимтарин усули кори худ қарор дода, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) кафолат медиҳад.