8 июн раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо рафти корҳои омодагӣ ва муҷаҳҳазсозии як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид. Зимни боздид аз корхонаи нассоҷии дар замони Шӯравӣ номдори шаҳри Истаравшан иттилоъ дода шудааст, ки ин корхона бо ташаббуси соҳибкорон марҳила ба марҳила барқарор карда мешавад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Гуфта мешавад, бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ аз ҷониби ҶДММ “Нури Истаравшан” корхонаи мазкур харидорӣ гардида, корҳои азнавбарқароркунӣ идома дорад. Айни замон таҷҳизоти муосири истеҳсоли ҷӯроб аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани дастгоҳҳои мазкур зиёда аз 25 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Корхонаи дигар ҶДММ “Шарафи рӯз” аст, ки ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ нигаронида шуда, бо ин мақсад таҷҳизоти замонавӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин бо маблағи 3,7 миллион сомонӣ харидорӣ гардидааст. Корхона дар як сол метавонад 430 000 кг ашёи хоми кимёвиро, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, коркард намуда, 12 намуди маҳсулотро истеҳсол намояд. Тибқи нақша дар марҳилаи аввал то 60 нафар ва бо татбиқи муваффақонаи лоиҳа то 200 нафар соҳиби ҷойи корӣ мешаванд.
Дар коргоҳи истеҳсолии «Аъло 7» низ навсозии хатҳои истеҳсолӣ ҷараён дошта, роҳбарияти коргоҳ тасмим дорад, ки бо истифода аз дастгириҳои давлату Ҳукумат фаъолияти худро васеъ ва номгӯи маҳсулотҳоро бештар намояд.
Ин коргоҳ ба истеҳсоли либоси варзишӣ ва намудҳои гуногуни куртаҳои мардона машғул буда, дар коргоҳи мазкур зиёда аз 20 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Раиси вилоят ҳамзамон ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли яхмос бо бренди “Табассум”, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Султонов Фурқат ба роҳ монда шудааст, таваҷҷуҳ намуд. Маълум гардид, ки коргоҳи мазкур ҳар сол намудҳои нави яхмосро истеҳсол карда истодааст. Дар ин коргоҳ зиёда аз 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, соҳибкор азм дорад, ки дар оянда хатҳои нави истеҳсолиро ворид намояд.
Раиси вилоят аз ташаббуси иқдомҳои неки соҳибкорон ва саҳмгузории онҳо дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат истиқбол намуда, барои бо назардошти талабот ба анҷом расонидани корҳои азнавсозӣ, васлу насби таҷҳизот ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот тавсияҳо дод.