Бинобар борони шадид дар ноҳияи Нуробод селхезӣ ба амал омадааст.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар доданд, сел ё бо обу лойқаи сарозершуда наздик ба 4 гектар заминҳои кишти сокинони деҳаи Сари Қошро зер кардааст.
Ба таъкиди ин ниҳод, ҳамчунин 800 метр канали обёрии “50-солагии Тоҷикистон”, ки заминҳои хоҷагии Хумдонро бо об таъмин мекард, валангор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ то 16 майи соли равон боқӣ мемонад.
Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ аз боронгариҳои шадид, боди сахт, жола ва раъду барқ ҳушдор додааст, ки метавонад хисороти моддию ҷонӣ дар пай гузорад.
Гуфта мешавад, бар асари ҳавои номусоид дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ сатҳи об дар рӯдхонаҳо метавонад якбора боло шавад, хатари селҳои харобкор, лағзиши тарма, ярч, резиши санг вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол кумита аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки муваққатан аз ҷамъоварии ҳезуму дору, занбурӯғ, моҳидорӣ ва чорвочаронӣ, шикор худдорӣ кунанд.
Илова бар ин кумита тавсия додааст, ки ҳангоми раъду барқ аз зери симчӯбҳо ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ дур шуда, телефон ва таҷҳизоти барқиро набояд истифода бурд.
КҲФ ба ронандагон тавсия додааст, ки суръатро баланд накунанду чун ҳамеша аз аҳолӣ хоҳиш мекунад қабл аз оғози боронҳо ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, сангу рег тоза кунанд.