Таҷлили Рӯзи Шашмақом дар Кумитаи телевизион ва радио

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ бахшида ба Рӯзи Шашмақом чорабинии фарҳангиву фароғатӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти Кумита ва меҳмонон аз муасисаву идораҳои мухталифи кишвар иштирок намуданд.

Дар оғоз аз ҷониби роҳбарияти Кумита ба чанд тан аз ҳунармандони ансамбли “Шашмақом” нишони аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон тақдим карда шуд.

 Сипас муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Субҳиддин Шамсиддинзода бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, изҳор дошт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асамблеяи 92-уми ЮНЕСКО 11-уми ноябри соли 2003 мусиқии класикии Шашмақом ҳамчун шоҳкории мероси шифоҳӣ ва ғайримодии ва қулаи баландтарини мусиқии санъати тоҷикон эътирф гардид.  “Маҳз соҳибистиқлолӣ барои рушди ин санъати нодири миллати тоҷик саҳифаҳои навро боз намуд. Дар ин радиф бо мақсади такмили минбаъдаи анъанаҳои  фарҳанги мусиқии халқи тоҷик дар заминаи арзишҳои асили санъати мақомхонӣ, тарбияи ҷомеа дар руҳияи эҳтиром нисбат ба мероси маънавии ниёгон ва ба ифтихори 50-солагии ансамбли “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ соли 2000-ум бо фармони Президенти ҶТ ансамбли мазкур расман мақоми давлатӣ дода шуд ва ҳамасола 12-уми май ҳамчун рӯзи шашмақом таҷлил карда мешавад”,-илова намуд муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Субҳиддин Шамсиддинзода.

Ҳамзамон дар чорабини мазкур ҳунармандони маъруфи кишвар низ иштирок намуданд. Аз ҷумла ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва омӯзгори консерваторияи миллӣ Мастона Эргашова дар суҳбат ба мухбири радиои Тоҷикистон иброз дошт, ки ҳоло таваҷҷуҳ ба санъати Шашмақом зиёд буда, ҳамасола теъдоди зиёди довталабон ихтисоси шашмақомсароиро интихоб менамоянд.

Ҳамин тавр,  дар чорабини мазкур ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ бо барномаи консертии худ баромад намуда, табъи ҳозиринро болида намуданд.

Баҳруллои Маҳмадшариф

радиои “Тоҷикистон”