Дар доираи сафари корӣ ба Туркманистон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дидору гуфтугӯ намуд, хабар дод дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ ба Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дуруди бародарона ва таманниёти неки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Дар вохӯрӣ дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, инчунин ҷанбаҳои муҳимми ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардид.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол дар соли 2021 нисбат ба солҳои пешин се маротиба афзоиш ёфта, ин тамоил дар соли ҷорӣ низ нигоҳ дошта шудааст. Дар ин ҷода баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз масъалаҳои афзалиятдор ҳисобида шуд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва саноат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.
Ҷиҳати густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пешниҳод гардид, ки миқдори бурсияҳои таълимӣ аз ҳар ду ҷониб зиёд карда шуда, масъалаи ташкили Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар вақтҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
“Вобаста ба қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки тамоили мураккабшавии вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин таҳкимёбии мавқеи гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ дар ин кишвари ҳамсоя, ташвишовар аст”, – омадааст дар хабарномаи Маҷлиси миллӣ.
Дар чунин вазъият ҷонибҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро баҳри муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалии имрӯза ба монанди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, зарур шумориданд.