Душанбе ва Боку тасмим гирифтаанд, ки роҳи мустақими ҳавоӣ кушоянд. Дар ин бора Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ дар ҳамоиши 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон хабар додааст.
Тавре хабаргузории «Ховар» аз қавли дипломати тоҷик навиштааст, мақомоти ду кишвар раванди ифтитоҳи хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Боку ва бозгаштро баррасӣ мекунанд. Дар радифи ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар сафир афзуд, ки имконоти нав барои афзоиши гардиши мол миёни Озарбойҷону Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад.
«Барои зиёд намудани ҳаҷми савдо миёни ду кишвар иқтидорҳои калон мавҷуданд. Фикр мекунам, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим гардиши мол ва ҳам тиҷоратро афзоиш медиҳад», – гуфтааст Рустам Солӣ.
Ёдрас мегардем, ки қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Тоҷикистон парвозҳои мустақими ҳавоиро бо Ҳиндустон ва Эрон барқарор менамояд. Ҳавопаймоҳои кишварҳо баъд аз танаффуси дусолаи марбут ба пандемияи COVID-19 ба парвозҳо шурӯъ мекунанд.