Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо барномаи ҳунарии хеш ба шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуданд.
Тавре аз вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд, гурӯҳи ҳунармандон 10 апрел бо даъвати Созмони сайёҳии Туркия барои муаррифӣ намудани ҳунари Сирки тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангию дӯстии ҳунармандони тоҷику турк сафар намуда, барномаҳои ҳунарии хешро дар якчанд шаҳрҳои Туркия баргузор менамоянд.
Гуфта мешавад, ба ҳайати ҳунармандон Сарвар Сафарзода, Мадина Назарова, Ҷомӣ Бозорзода ва Манучеҳр Шарифзода дохиланд. Интизор меравад, ки сафари ҳунармандон то 30 октябр идома ёбад.
Ҳамчунин як гурӯҳи ҳунарии Сирки давлатӣ 25 апрел ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуд. Ҳайати ҳунармандон бо роҳбарии гурӯҳи дорбозон Обидҷон Иргашев ва ҳунармандон Фаррух Алиев, Нишона Нуралиева ва Ҳилола Раҷабова дар шаҳрҳои Покистон барномаҳои ҳунарии хешро баргузор менамоянд.
Сафари ҳунармандон ба Покистон то 20 октябр идома меёбад.