Прокуратураи генералӣ дар Файзобод ҳолатҳои ғайриқонунӣ додан ва хариду фурӯши заминро ошкор намуд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории заминро дар ноҳияи Файзобод мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дод. Санҷиш дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораи замин, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар заминистифодабарандагони ноҳия қонунвайронкуниҳои зиёдеро ошкор намуд, иттилоъ доданд аз Прокуратураи генералии кишвар.

Бо натиҷаи санҷиш дар ноҳияи Файзобод ҳолатҳои ғайриқонунӣ додан ва хариду фурӯши майдони умумии 5,45 гектар замин ба 57 нафар ба маблағи 285 000 сомонй, 120 000 рубли Федератсияи Русия ва 8800 доллари ИМА ошкор гардиданд. Дар натиҷа нисбат ба шахсони гунаҳгор 2 парвандаи ҷиноятӣ, 27 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба 15 адад қарорҳои ғайриқонунии раиси ноҳия эътироз оварда, барои ба ҳолати аввала баргардонидани 0,75 га қитъаи замин амр дода, маблағи 28 505 сомонӣ андози замин дар буҷети давлат барқарор карда шуд.

Ҷудо намудани заминҳои кишоварзӣ барои сохтмони биною иншоот ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёбад ҳам, аммо раиси ноҳияи Файзобод бо қарорҳои ғайриқонунии худ аз ҳисоби заминҳои таъйиноти кишоварзӣ барои сохтмони ҳар гуна иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ замин ҷудо карда додааст. Чунончӣ, тайи солҳои 2019-2020 бо 4 қарори ноҳия майдони 0,43 гектар заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ғайриқонунӣ ба 4 нафар шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.

Бо эътирози овардашуда 4 қарори раиси ноҳия бекор ва қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Тибки талаботи моддаҳои 26, 84 ва 89 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз заминҳои таъйиноти нақлиёт ва солимгардонӣ бе иваз намудани таъйинот танҳо барои эҳтиёҷоти ҳамин мақсад ҷудо карда метавонад.

Раиси ноҳияи Файзобод дар давраи солҳои 2019-2020 бо 3 қарори худ майдони 1 гектар заминҳои нақлиёти ноҳияро, ки ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия тааллуқ дошт, ба 11 нафар ва майдони 0,26 гектар заминҳои солимгардониро, ки ба шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия мансуб буд, ба 2 нафар бо дигар мақсад, яъне барои сохтмони манзили истиқоматӣ ғайриқонунӣ ҷудо карда додааст.

Аз тарафи Прокуратураи генералӣ ба қарорҳои ғайриқонунии раиси ноҳия эътироз оварда шуда, қарорҳо бекор ва заминҳо ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия баргаронида шуданд.

Инчунин ҳолатҳое ҷой доранд, ки шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати эҳтиёҷмандон барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ нестанд ё ин ки дар ҳудуди ноҳия истиқомат намекунанд, Комиссия онҳоро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин кардааст.

Муайян карда шуд, ки дар асоси пешниҳоди комиссияи ҷамъиятии ноҳия ба 6 нафар шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманд набуда, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд, бо қарорҳои раиси ноҳия ҳамчун оилаҳои эҳтиёҷманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.

Ба қарорҳои мазкур ҷиҳати бекор кардани онҳо эътироз оварда, масъалаи аз рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманд баровардани онҳо гузошта шуд.

Боз ҳолатҳои ҷой доранд, ки кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод ҳангоми вобаста кардани заминҳои чарогоҳ бар хилофи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, аз муҳлати дар қарори мазкур муқарраршуда муҳлати истифодаи чарогоҳро зиёд вобаста менамояд.

Аз рӯи ин ҳолат ба 5 қарори раиси ноҳияи Файзобод, ки 2060 га заминҳои чарогоҳҳои мавсимии муҳлатноки ноҳия ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ғайриқонунӣ вобаста карда шуда буд, ҷиҳати бекор кардани онҳо эътироз оварда шуда, қарорҳо бекор ва қитъаҳои замин ба заминҳои захираи ноҳия гузаронида шуданд.

Ҳолатҳои аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатӣ, кумитаи идораи замин ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз ваколатҳои мансабиашон ба хариду фурӯш ва тақсимоти ғайриқонунии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ дастзада низ ошкор карда шуданд.

Чунончӣ, собиқ раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод Ҳасанов И.И. ва дигар аъзои комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо истифода аз ваколатҳои мансабиашон 1,68 га заминҳои таъйиноти кишоварзии (намуди корами лалмӣ) ҷамоатҳои деҳоти Вашгирд, Меҳробод ва ба номи Дустмурод Алиеви ноҳияро ба 27 нафар шаҳрвандон ғайриқонунӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда додаанд.

Ё худ роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бедил»-и ноҳияи Файзобод Раҳимов Қ.Қ. дар сатри ҷадвали шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулки фермаи комплексии сохтмонаш нотамоми харидорӣ намудааш масоҳати умумии қитъаи заминро, ки 5,50 гектарро ташкил медодааст, бо роҳи сохтакорӣ 15,50 гектар нишон дода, сипас майдони 3,0 га замини таъйиноти кишоварзӣ (намуди чарогоҳ) бо роҳи сохтакорӣ азхуднамудаашро ба 33 нафар шаҳрвандон ғайриқонунӣ бар ивази 285 000 сомонӣ, 120 000 рубли Федератсияи Русия ва 8800 доллари ИМА ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим карда, фурӯхтааст.

Нисбат ба Ҳасанов И.И., аъзои комиссияи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ.Қ. барои ғайриқонунӣ додани замин, қаллобӣ ва сохтакории шаҳодатномаи конунгардонии молу мулк бо моддаҳои 3381 қисми 2 банди “б” (ғайриқонунӣ додани замин бо истифода аз ваколати мансабӣ), 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 банди “б” (сохтакории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.

Бо таъйиноти суди ноҳияи Файзобод аз 28 феврали соли 2022 нисбат ба аъзои комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 24 августи соли 2016 парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолоти суд қатъ карда шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Файзобод аз 16 декабри соли 2021 нисбат ба роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ.Қ. ҷазои ҷарима ба андозаи 1660 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 96,280 сомонӣ татбиқ карда шудааст.

Ҳолатҳои зиёди худсарона ишғол намудани замин, ғайримақсаднок истифода намудани он, бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда истифодабарии замин ва сари вақт пардохт накардани маблағҳои андози ягона аз тарафи заминистифодабарангон ошкор карда, нисбат ба 27 нафар ҳуқуқвайронкунандагони дигар бо аломатҳои моддаҳои 141, 143, 146 ва 148 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои рӯёнидани қарзи андози ягона 7 адад амр ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дода, бо натиҷаи баррасии он маблағи 28505 сомонӣ дар буҷети маҳаллӣ барқарор карда шудааст.