Донишгоҳи тиббӣ аз Тоҷикистон аввалин шуда ҳамаи барномаи таълимиро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронид

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аввалин шуда ба пуррагӣ ҳамаи барномаи таълимиро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, соҳиби сертификати мутобиқат ба Стандарти Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ гардидаст. Доштани сертификати мазкур далели таъмини таҳсилоти босифат буда, барои донишгоҳ имкониятҳои нав ва эътирофи байналмилалӣ доштани онро тасдиқ менамояд, гуфта шуд дар вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) Алина Жумагулова. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар додааст.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот бо гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Агентии мазкур шомили шабакаҳои гуногуни амрикоиву аврупоӣ ва осиёгиву байналмилалӣ буда, дар асоси стандарти таъмини сифати аврупоӣ (ESG) ва Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ баҳогузорӣ намуда, ҳуқуқи додани сертификати мутобиқатро дорост.

Баҳогузории мустақилаи берунаи муассисаҳои таълимӣ яке аз талаботҳои калидии таҳсилоти муосир ба ҳисоб меравад, ки дар таъмини таҳсилоти босифати ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат нақши муҳим мебозад.

Гуфта шуд, ки Агентӣ имрӯз дар даҳҳо кишварҳои Осиёву Аврупо фаъолият дошта, муассисаҳои таълимиро аз аккредитастияи байналмилалӣ мегузаронад.

Тазаккур дода шуд, ки айни замон, якчанд донишгоҳҳои Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот гардиданд.

Дар ҷараёни  суҳбат инчунин, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки барои вусъат бахшидани ҳамкории минбаъда тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.