Олими сатҳи ҷаҳонӣ ва соҳиби 117 патенти ихтироъ. Академики нави АМИТ кист?

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи як ҳамоиш шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Лӣ Чангминг (LI Changming)-ро ба унвони узви хориҷии (академики) АМИТ пазируфтааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

Манбаъ гуфт, дар натиҷаи овоздиҳӣ номзадии Лӣ Чангминг ба ҳайси узви хориҷӣ (академик)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2022 қабул карда шуд.

Ба гузориши манбаъ, Лӣ Чангминг яке аз олимони барҷастаи соҳаи техникӣ буда, доктори муҳандисии Донишгоҳи Тянҷин, профессор ва доктори Донишгоҳи Синдао ва узви Кумитаи доимии Ҷинани Ҳизби коммунистии Чин мебошад.

Номбурда муассис ва раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Shandong Bensu Elevator, профессор ва муаллими Донишгоҳи меъмории Шандонг, профессор, роҳбари донишҷӯёни PhD дар Донишгоҳи Синдао, мудири Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти саноатии Шнайдер ва сардори лабораторияи миллии CNAS (Бенсу) мебошад.

Лӣ Чангминг яке аз олимони машҳур ва маъруфи сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида,  дорои 117 патенти миллӣ, аз он ҷумла 5 патенти ихтироъ ва 23 патенти миллии ихтироъро соҳиб шудааст. 9 дастовардҳои илму техникиаш дар сатҳи ватанӣ ва ҷаҳонӣ татбиқ шудааст.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи муқаррарии Шэнсӣ (магистр дар самти идоракунии тиҷорат ва саноат – 2002) ва аз соли 2015 то кунун аспиранти Донишгоҳи Тянҷин ба шумор меравад.

Лӣ Чангминг аз рӯйи мансубияти миллӣ хан буда, моҳи октябри соли 1973 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба дунё омадааст.