Рақсу мусиқӣ. Дар Душанбе консерти анъанавии куриёӣ баргузор мегардад

Дар Душанбе дар Кохи Борбад рӯзи 26-уми апрел соати 18:00 консерти анъанавии куриёӣ бо унвони «Аз Душанбе то Сеул» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Сафорати Куриё дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Манбаъ гуфт, ин консерт дар доираи барномаи таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатии Тоҷикистону Куриё сурат мегирад.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҳамоиш мусиқӣ ва рақсҳои анъанавии куриёӣ манзури алоқамандони ҳунару фарҳанги ин кишвар гардонида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки равобити дипломатӣ байни Тоҷикистону Куриё 27 апрели 1992 барқарор гардидаанд.