Бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022, дар гурӯҳи «А» аз қаҳрамони феълии ин мусобиқа, бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд»-и шаҳри Риёз баргузор гардид. Аз ҳайати тими «Ал-Ҳилол» Одион Игало ба номаш дубл кард. Як голи дигарро Салем Ал-Давсарӣ ба самар расонид.
Баъд аз сипарӣ гардидани чор даври мусобиқа «Ал-Ҳилол» дар гурӯҳи «А» бо 12-имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Дастаи «Ал-Райян» бошад бо касби 7-имтиёз дар зинаи дуюм ва «Шарҷа» бо 4-имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст. Бошгоҳи «Истиқлол» бошад то ҳол имтиёзе ба даст наовардааст ва дар тагхонаи ҷадвал ҷой дорад.
Шогирдони Виталий Левченко дар 2-бозии боқимондаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 бо дастаҳои «Ал-Райян» (23-апрел) ва «Шарҷа» (27-апрел) рақобат мекунанд.
Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022
Гурӯҳи «А»
Даври 4-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:3
Голҳо: Одион Игало, 8 (0:1). Одион Игало, 33 (0:2). Салем Ал-Давсарӣ, 90+2 (0:3).