Дар вилояти Суғд то поёни соли 2023 корхонаи нави муштараки металлургӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Гуфта мешавад, корхонаи нав бо дастгоҳҳои муосири сохти кишварҳои пешрафта муҷаҳҳаз мегардад.
Дар ин бора Жан Яомин, мудири корхонаи муштараки «Зарафшон» зимни дидор бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба афзун намудани ҳаҷми истесҳсоли маҳсулот, бунёди корхонаи иловагии металлургӣ, иҷрои удадориҳои корхона ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мубодилаи афкор намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода бо қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба иброз доштааст, ки бо назардошти ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатисозии кишвар ба рушди соҳаи саноат ва ташкили корхонаҳои нав мароқ зоҳир мегардад.
Ӯ афзудааст, ки нақши корхонаи муштараки «Зарафшон» дар рушди кишоварзии шаҳри Панҷакент назаррас буда, ҳамчунин бо саҳмгузории корхона иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд карда мешавад.
Ба иттилои Жао Яомин, дар корхонаи муштараки «Зарафшон» наздики 3000 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин буда, корҳо дар самти бунёди корхонаи нави металлургӣ идома дорад.
Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бояд иқтидор ва имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда шуда, давра ба давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд ва барои коргарони корхона шароити беҳтарин муҳайё карда шавад.