Санаи 15 апрели соли равон дар Китобхонаи миллӣ дар ҳошияи 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо Федератсияи Россия бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо сармоягузорони Россия мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо суханони ифтитоҳии муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир, намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов оғоз гардид.
Дар чорабинӣ раиси шурои ҳамкории Тоҷикистон бо Россия Муҳаммад Сурхов оид ба форуми Тоҷикистону Россия, ки рӯзи 28 апрели соли равон баргузор мегардад, суханронӣ намуда, барои ҷалби сармоя пешниҳодҳо намуд. Намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Собир Вазиров бошад, дар суханронии худ оид ба навовариҳои Кодекси андоз дар таҳрири нав сармоягузоронро ошно намуда, таъкид дошт, он имтиёзҳои андозие, ки барои рушди сармоягузорӣ ворид карда шудаанд, имкони хубест барои маблағгузорӣ ба соҳоти афзалиятноки иқтисодиёт.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид, ки барои сармоягузорони ҷониби Федератсияи Россия хеле ҷалбкунанда буд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”