Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз бинои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки аз таъмиру таҷдид бароварда шуд, боздид намуданд.
Дар бинои фарҳангӣ барои фаъолияти аҳли эҷод ва тамошои намоишномаҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Театри вилоятӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхонаи бинои театр толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, утоқҳо барои гузаронидани дарс пешбинӣ гардидааст, ки барои фаъолияти назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар ошёнаи якуми бино миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо ҷойҳои либосивазкунӣ, ҳуҷраҳои маъмурияти театр ва ҳуҷраҳои санитарӣ ҷойгир карда шудааст. Толори асосии театр дорои 612 ҷойи нишаст мебошад.
Саҳнаи театри мазкур бо нақшу нигори миллии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гаҷкорӣ шудааст. Бори аввал саҳна бо дастгоҳҳои замонавии равшанидиҳию тақвияти овоз таъмин гардида, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мусоид мебошад.
Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юми бино ҳуҷраҳои корӣ, фароғати ҳунармандон, устохонаҳои дӯзандагӣ, сехи рассомӣ ва хуҷраи ороишӣ ҷойгир шудааст.
Ҳамчунин дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар ошёнаи сеюми бинои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ саҳнаи хурд бо 102 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.
Дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақому манзалати театри тоҷик баланд гардида, шароити муносиби корӣ барои кормандони соҳа фароҳам оварда мешавад. Зеро театр як шохаи асосии фарҳанг ба ҳисоб рафта, таҷассумгари ҳуввияти миллӣ, инъикоскунандаи ҳаёти иҷтимоӣ аст ва асолати миллиро тариқи намоишномаҳо пойдору устувор нигоҳ медоранд.
Ҳудуди бинои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо тахтасангҳои мармарини истеҳсоли коргоҳҳои вилоят ороиш ёфтааст.
Роҳравҳои бино бо маҳсулоти ватанӣ зинат дода шуда, бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ ҷолибу диданӣ офарида шудааст.
Атрофи театр пурра гулкорӣ ва бо сутунпояҳои равшанидиҳанда чароғон шуда, 5 адад суҳбаткада сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба санъати баланди меъмории миллии бинои театр, ки аз ҷониби устоҳои чирадасти вилоят бо усули нотакрор зебу зинат ёфтааст, баҳои баланд доданд.
Таъмир ва бо намуди наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти мазкур дар шаҳри Хуҷанд ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти аҳли фарҳангу санъати вилояти Суғд равона гардидааст ва ба тарҳи меъмории шаҳр низ зебогии тоза зам намуд.
Имрӯз дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ 161 нафар фаъолият дошта, 70 нафари онҳоро гуруҳи эҷодӣ ташкил медиҳад.
Бо истифода аз толорҳои барҳаво ва ҳуҷраҳо барои машқу тамрин, ҳунармандони касбии театри вилоятӣ имконият доранд, минбаъд барномаҳои гуногун ва намоишномаҳои ҷаззобу диданиро пешниҳоди тамошобинони закӣ гардонанд.
Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои театр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги он бо аҳли фарҳанг мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат аҳли санъати вилоят барномаи хуби фарҳангии тараннумкунандаи сулҳу ваҳдати ҷовидонаи тоҷикон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлатро, пешкаш карданд, ки бисёр ҷолибу диданӣ буд.
Ҳунармандони касбӣ бо офаридани намоишномаҳои театрӣ дар рушди соҳа, баланд бардоштани ғановати маънавӣ ва тарғиби сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат саҳми шоиста мегузоранд.
Айни ҳол дар вилояти Суғд 7 театри касбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Бӯстон, Конибодом, Спитамен, Ашт ва дар 5 шаҳру ноҳияҳои дигар Исфара, Деваштич, Мастчоҳ, Панҷакент ва Истаравшан театрҳои халқӣ фаъолият доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои санъаткорону ҳунармандони вилоят, баҳои баланд доданд.
Аҳли фарҳанги вилояти Суғд, хоса ҳунармандони театр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин таваҷҷуҳ, ки василаи хуби ҳифзи фарҳанги бузурги халқи тоҷик аст, изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.