Дар Ӯзбекистон намояндагии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис меёбад

Дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Узбекистон намояндагии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода мешавад. Ин тасмим дар як нишасти коргурӯҳи намояндагони вазорату идораҳо гирифта шудааст ва интизор меравад, ки хулосаи ниҳоӣ ба Ҳукумати кишвар ирсол гардад, хабар доданд аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Манбаъ гуфт, ин масъала дар як нишасти коргурӯҳи иборат аз намояндагони вазорату ниҳодҳо ва роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.

Зикр гардидааст, ки таъсиси намояндагии донишгоҳ дар Ӯзбекистон имкон фароҳам месозад, ки низоми таҳсилоти кишвар ва фаъолияти донишгоҳ дар арсаи минтақавию байналмилалӣ муаррифӣ гардида, шарикони нав барои ҳамкорӣ пайдо карда шаванд.

Манбаъ меафзояд, ки таъсис ва пешбурди фаъолияти донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ба роҳ монда мешавад.

Иттилоъ дода шудааст, ки соли таҳсили 1993-1994 бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ибтикори раёсати ин донишгоҳ (он замон донишкада) тибқи шартномаи тарафайн бо Ҳокимияти ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон аз 15 июли соли 1993 намояндагии муассиса дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи ин кишвар таъсис дода шуд ва он то соли 1998 фаъолият намуд.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра беш аз 2000 нафар донишомӯз аз Ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, онро бомуваффақият ба поён бурданд. Фаъолияти намояндагии донишгоҳ дар ин ҳамсоякишвар соли 1998 қатъ гардид.

Муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар он кишвар ҳасана гардида, ҳамкориҳо дар бахши иқтисодиву сайёҳӣ, илму маориф, фарҳангу синамо фароҳам гардид.