Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Бишкек бо тими миллии Афғонистон рақобатро мусовӣ (4:4) анҷом дод.
Шогирдони Пайрав Воҳидов бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале баъдан футзалбозони Афғонистон ба дарвозаи миллипӯшони тоҷик чаҳор тӯб заданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар охири бозӣ фишорро ба дарвозаи рақиб зиёд карда, ба шарофати тубҳои задаи Идрис Ёров, тавонист ҳисоби бозиро 4:4 мусовӣ намояд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “В” мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Непал бо ҳисоби 5:1 ғалаба кард.
Бозии навбатии тими миллии Тоҷикистон имрӯз, 11-апрел бо футзалбозони Непал баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки ду даста аз гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2022 роҳ меёбанд.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”