РАДИОИ “ТОҶИКИСТОН” 92-СОЛА ШУД

Имрӯз, 10 апрел аз таъсиси Радиои “Тоҷикистон” 92 сол сипарӣ мегардад. Бино ба таъкиди муҳаққиқон, таъсиси он ба асри гузашта рост меояд.

Масъалаи ташкили радио дар қаламрави Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон 10-уми январи соли 1928 мавриди баррасӣ қарор гирифта, 19-уми октябри ҳамон сол лоиҳаи нақшаи бо радио таъмин намудани ҷумҳурӣ тасдиқ шуд. Соли 1930 нахустин истгоҳи пахши барномаҳо дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуд, ки дар мавҷи мутавассит кор мекард. Ҳамин тавр, Радиои “Тоҷикистон” дар фазои кишвар 10-уми апрели соли 1930 барои нахустин бор садо дод.

Радио тайи солҳои мавҷудияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар тарғибу ташвиши сиёсати замон саҳм гирифта, сар аз нимаҳои солҳои 80-уми асри гузашта дар он талошҳои ҳақиқатҷӯиву озодандешӣ ба вуҷуд омад.

Бо талошҳои раиси вақти Кумитаи телевизион ва радио Сайф Раҳимзоди Афардӣ 18-уми январи соли 1999 дар Радиои “Тоҷикистон” шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» арзи ҳастӣ кард, ки он ҳамарӯза барномаҳои иттилоотию омӯзишӣ, сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мусиқӣ пахш мекунад. Ҳадафи асосии он инъикоси ҳамаҷонибаи ҳаёту рӯзгори мардуми пойтахт бошад ҳам, доираи мавзӯъ ва муҳтавояш гӯшаҳои дигари ҷумҳуриро низ фаро мегирад.

Шабакаҳои “Фарҳанг” ва “Овози тоҷик”-и Радиои “Тоҷикистон” замони роҳбарии Абдуқодири Абдуқаҳҳор фаъол гаштанд. Радиои “Тоҷикистон” ба унвони як расонаи миллӣ тавассути чаҳор шабака дар як шабонарӯз бо 8 забон дар ҳаҷми 96 соат барнома пахш мекунад. Он дорои формати умумӣ мебошад.