Бошгоҳи «Истиқлол» аз «Ал-Райян»-и Қатар шикаст хӯрд

Дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022, қаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар гурӯҳи «А» аз тими «Ал Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 ноком гардид.

Дидори дастаҳо дар майдони байналмилалии «Кинг Фаҳд»шаҳри Ар-Риёз доир шуд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 3-юми рақобат Шаҳром Сулаймонов боз намуд. Баъд аз панҷ дақиқаи голзании Шаҳром футболбозони «Ал-Райян» бо як бозигузории олӣ, ҳисобро баробар намуданд. Пеш аз танафуси қисми аввал дар дақиқаи 44-ум Йохан Боли тавонист голзанӣ намуда, ҳисоби бозиро 1:2 намояд.

Легионари ӯзбекистонӣ Муҳаммад Исаев дар дақиқаи 66-уми рақобат ҳисоби бозиро 2:2 намуд, лекин дар дақиқаи 71-ум Йохан Боли голи ғалабаовари «Ал-Райан»-ро ба самар расонида, ҳисоби бозиро 2:3 намуд.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол» рӯзи 11 апрел бо бошгоҳи «Шарҷа» (АМА) бозӣ мекунад.

Сорбон Амонуллозода,

Радиои «Тоҷикистон»