Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари корӣ ба Кореяи Ҷанубӣ бо Раиси шаҳри Сангҷу Канг Юнг масъалаи муҳоҷирати кории тоҷикон ба ин кишварро баррасӣ кард. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ хабар доданд.
Манбаъ мегӯяд, зимни мулоқот Амонзода ва Раиси шаҳри Сангҷу масоили ҷалби қувваи кории мавсимӣ аз Тоҷикистон ба минтақаро мавриди баррасӣ қарор дода, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи ёддошти баимзорасида тибқи талабот қувваи корӣ барои корҳои мавсимӣ аз Тоҷикистон ба шаҳри Сангҷу равона карда шуда, минбаъд низ дар риштаҳои гуногун ҳамкории густурда ба роҳ мемонанд.