Муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов дар 40-умин мусобиқаи байналмилалии бокс дар Финландия бо мағлуб кардани Гуннар Барлунд (GeeBee) медали медали тило ба даст овард.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин мусобиқа рӯзҳои 7-10 апрел дар шаҳри Ҳелсинкӣ бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои Финландия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Венгрия, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Украина сурат гирифт.
Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5кг муҳорибаро аз чорякфинал оғоз карда (дар даври аввал озод буд), бар намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканян бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.